
Имрӯз (15.10.2025) тибқи дастури ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, муҳтарам Насриддинзода Э.С. бо мақсади ошноӣ бо раванди таълиму тарбия, вазъи интизоми хонандагон ва имкониятҳои мавҷудаи таълимӣ масъулони самти тарбияи Донишгоҳ таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Маҷидзода Д. аз Литсейи равияи табиию риёзии назди Донишгоҳ боздид намуданд.
Дар ҷараёни боздид намояндагони Донишгоҳ бо роҳбарияти Литсей ва омӯзгорони он суҳбат анҷом дода, оид ба масъалаҳои муҳимми раванди корҳои таълимию тарбиявӣ, сатҳи дониши хонандагон, ҳузур ва интизоми онҳо маълумоти муфассал гирифтанд. Ҳамзамон, аз синфхонаҳо, китобхона ва дигар сохторҳои таълимии литсей дидан намуда, имконияту шароити муҳайёшуда барои хонандагонро аз наздик мавриди арзёбӣ қарор доданд.
Масъулин таъкид намуданд, ки баланд бардоштани сатҳи дониш, ташаккули ахлоқи ҳамида ва эҳсоси ватандӯстиву худшиносии миллии хонандагон яке аз самтҳои афзалиятноки кор дар муассисаҳои таълимӣ маҳсуб ёфта, дар ин замина ҳамкории судманди литсей бо сохторҳои Донишгоҳ бояд таҳким ёбад.
Дар фарҷом роҳбарият ба омӯзгорони литсей барои фаъолияти пурсамар ва ташкили муҳити солими таълимӣ изҳори сипос намуда, барои боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати таълиму корҳои тарбиявӣ тавсияҳои судманд доданд.