БАЛАНД БАРДОШТАНИ ЗИРАКИИ СИЁСӢ ВА ФАРҲАНГИ ҲУҚУҚӢ ДАР МИЁНИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ

20

Имрӯз (20.11.2025) дар доираи нақша-чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи барномаву стратегияҳои соҳавӣ дар факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии судманд доир гардид. Вохӯрии мазкур дар доираи татбиқи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризм ва экстремизм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” роҳандозӣ шуда, ҳадафи асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва эҳсоси масъулияти шаҳрвандӣ мебошад.

Дар рафти вохӯрӣ сарпарасти Кумитаи давлатии амнияти милли Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбонзода Далер, декани факултети тиббӣ, профессор Азиззода З., мудири раёсати тарбия Давлатов М. ва муовинони декан ширкат варзида, бо андешаҳои муфид ва тавсияҳои амалӣ оид ба роҳҳои пешгирии падидаҳои номатлуб, аз қабили ифротгароӣ, тундгароӣ ва таҳдидҳои дигари амниятӣ суханронӣ намуданд.

Таъкид карда шуд, ки мубориза бо ин хатарҳо на танҳо вазифаи соҳторҳои давлатӣ, балки саҳми фаъолонаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, хусусан донишҷӯён ва устодони муассисаҳои таҳсилоти олӣ кишвар аст.

Зимнан дар вохӯрӣ масъалаҳое баррасӣ шуданд, ки барои донишҷӯёни Донишгоҳ судманд буданд. Ин ҳам бошад, масъалаҳои таълиму тарбия, иҷрои бечунучарои талаботҳои ҷойдоштаи Донишгоҳ, саҳми фаъол дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯзиши мунтазами илмҳои замонавӣ, фаъол будан дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён, худдорӣ намудан аз истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ, иштироки фаъолона дар ҷараёни дарсҳо, худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, роҳ надодани фарҳангӣ ба миллати мо бегона, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти терористиву экстремистӣ дошта, ташаккули худшиносиву зиракии сиёсӣ, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои мубрам буданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити кунунии ҷаҳон, ки пур аз таҳдиду чолишҳо мебошад, моро зарур аст, ки баҳри таҳкими пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдату ягонагӣ ва суботи сиёсӣ дар кишвар муттаҳидона ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ амал намоем.