БАРАНДАГОНИ ҶОИЗАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «СИТОРАҲОИ ИТТИҲОД» ВА «ИТТИҲОДИ НАХУСТИҚДОМҲО»

125

14 майи соли 2025. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Форуми XVIII зиёиёни эҷодкор ва илмии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Дар ин чорабинии бонуфуз беш аз 300 нафар зиёӣ, олимон, адибон ва роҳбарони муассисаҳои илмии давлатҳои узви ИДМ иштирок намуданд.

Дар доираи форуми мазкур маросими супоридани ҷоизаҳои байналмилалии «Ситораҳои Иттиҳод» ва «Иттиҳоди нахустиқдомҳо» доир гардид. Бо ифтихор иттилоъ медиҳем, ки аз ҷониби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодони арҷманд сазовори ин ҷоизаҳои олӣ гардиданд:

· Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ – доктори илмҳои филологӣ, академик ва профессори кафедраи назария ва адабиёти нави тоҷики факултети филология, барандаи ҷоизаи байналмилалии «Ситораҳои Иттиҳод» дар номинатсияи «Барои саҳм ва дастовардҳои барҷаста дар соҳаи илму маориф»;

· Зафарзода Сорбон Зафар – номзади илмҳои химия, муаллими калони кафедраи химияи органикии факултети химия, сазовори ҷоизаи байналмилалии ҷавонон «Иттиҳоди нахустиқдомҳо» гардиданд.

Ёдовар мешавем, ки ғолибони Ҷоизаи байналмилалии ҷавонон «Иттиҳоди нахустиқдомҳо» барои соли 2024 рӯзи 16 апрели соли 2025 тавассути қарори ҳайати ҳакамони байналмилалӣ эълон шуда буданд. Тавре ки Хадамоти матбуотии Бунёди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иттилоъ медиҳад, дар соли 2024 9 нафар намоянда аз 7 кишвари узви ИДМ – Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Арманистон – барандаи ин ҷоиза гардиданд.

Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон устодони арҷманд Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ ва Зафарзода Сорбон Зафарро бо ин дастовардҳои шоиста самимона табрик гуфта, ба онҳо дар роҳи илму маориф барору муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамояд.

Муборак бошад!