БАРГУЗОРИИ ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ФАКУЛТЕТҲОИ ДОНИШГОҲ

395

Тавре иттилоъ дода будем, ҳамасола дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон чун анъана ҳафтаи сеюми моҳи апрел бо баргузории Конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён – «Ҳафтаи илм» баргузор мегардад, ки дар он мавзуъҳои мубрами рӯз баррасӣ мешаванд.

Конференсияи имсола бахшида ба «75-солагии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон», «115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров», «145-солагии бунёдгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ», «2023 – Соли забони русӣ» ва «2025 – Соли байналмилалии ҳифзи прияхҳо» доир мегардад.

Имрӯз дар факултетҳо ва сохторҳои зертобеъи донишгоҳ ҷараёни ҳафтаи илм идома дорад. Гуфта мешавад шуд, ки дар ҷараёни конференсияи мазкур 1191 маърӯза аз ҷониби устодону кормандон, докторантону магистрантон ва 1729 маърӯза аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор мегирад.