БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ ИЛМӢ БАХШИДА БА РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ “ГУНОГУНИИ БИОЛОГӢ”

380

Санаи 22 –юми майи соли ҷорӣ дар кафедраи ботаника ва дендрологияи факултаи биологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии “Гуногунии биологӣ” семенари илмӣ дар мавзӯи “Гуногунии биологӣ ва аҳамияти он” доир гардид. Дар семенари мазкур академики АМИТ Яқубова Муҳиба Муҳсиновна, муовини аввали Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ва ҳайати устодону кормандон иштирок намуданд.

Қайд намудан ба маврид аст, ки дар семенари илмии мазкур ба таври маҷози устодон ва донишҷӯёни равияҳои биологии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишгоҳи давлатии Белорус иштирок намуданд.

Ҳамоиши илмии мазкурро декани факултет н.и.б. дотсент Кароматуллои Қурбоналӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки гуногунии биологӣ сарчашмаи асосии ташкил ва инкишофи тамоми шаклҳои ҳаёт, нигоҳдорандаи мувозинати устувори экологӣ ва таъмингари ҷамъият бо маводи асосии моддӣ мебошад.

Нигоҳдории устувори гуногунии биологӣ пешрафти мутаносиби ҷамъият ва табиатро дар мамлакатҳое, иқтисодиёти давраи гузаришро доранд, таъмин менамоянд. Ин ба он сабаб аст, ки қисми зиёди даромади миллӣ аз ҳисоби истифодаи захираҳои биологӣ (ҷангал, моҳӣ, чарогоҳ, зироатҳои кошоварзӣ) ташакул меёбад. Мушкилоти ҳифзи муҳит зист ва сарватҳои табиат яке аз масъалаҳои мубрами рӯз буда, на танҳо олимону мутахассисони соҳаро, балки тамоми инсониятро ба изтироб овардааст.

Агар одамон сарватҳои табиатро, аз ҷумла, ҳайвоноту набототро муддати дуру дароз худсарона ва бе низом истифода баранд, барои барқароршавии саршумори онҳо чораҳои саривақтӣ наандешанд, водиҳо ба биёбон муббадал шуда, ҳайвонот ва набототи фоиданок барҳам мехӯранд ва тамоми ҳодисаҳои табиат шамолу тӯфонҳо, хушксолӣ, ҳуҷуми ҳаргуна зараррасонҳою гузаронандагони бемориҳо ба ҷомеа зиёни калон мерасонанд.

Таи даҳсолаҳои охир дар Тоҷикистон инкишофи босуръати сохтмони корхонаву муассисаҳои хусусӣ, зиёд шудани шаҳрҳо, маҳаллаҳои калони аҳолинишин, сохтмони роҳҳои оҳан ва мошингард, аз худ намудани заминҳои бекорхобида, сохтмони нерӯгоҳҳои обии барқӣ ва кандани нақбҳои мошингузар ба олами набототу ҳайвонот таъсири калон расонида истодаанд. Захираҳои ин сарвати табиат ғанӣ бошанд ҳам, вале бе охир нестанд.

Бинобар ин нисбат ба онҳо ҳамеша муносибати оқилона ва ғамхорона бояд кард, то ки қувваи таҷдиди табиат халалдор нагардад.

Вазъи нигаҳдории гуногунии биологиро ба эътибор гирифта, 22 майи соли 1992 дар конфронси СММ доир ба ҳифзи зист ва рушд, ки дар Рио-де –Жанейро баргузор шуда буд, Конвенсия доир ба гуногунии биологӣ қабул карда шуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун аъзои соҳибҳуқуқи ҷомеъаи ҷаҳонӣ онро соли 1997 тасдиқ намуда ӯҳдадории худро дар доираи Конвенсия қабул кард.

Сипас муовини аввали Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ва академики АМИТ Яқубова М. М. суханронӣ намуда ҳозиринро бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии “Гуногунии биологӣ” шодбош намуданд.

Дар семенари илмӣ маърӯзаҳои устодон н.и.б. дотсенти кафедраи экология Давлатов А. С., профессорони кафедраи ботаника ва дендрология Раҳимов С. ва Сатторов Р. Б. ва донишҷӯи соли сеюм Нуров Нақибхон дар мавзӯъҳои гуногунии биологӣ шунида шуд.

Дар охири ҳамоиш аз тарафи декани факултет дотсент Кароматуллои Қурбоналӣ ба муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ва академики АМИТ Яқубова М. М. ифтихорномаи факултет тақдим гардид.

Аз ҷониби муовини Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қиёмзода Зарафо Суфиҷон ба як зумра устодони факултет ифтихорномаи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.