БАРГУЗОРИИ ИНТЕРНЕТ-ОЛИМПИАДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ЗАМИНАИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ

219

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши илмҳои дақиқу табиатшиносӣ ибтикороти беназирро роҳандозӣ намудааст. Ин навбат Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи ин сиёсат дар самти омӯзиши фанҳои таббиӣва риёзӣ бахшида ба эълони “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” бо истифода аз базаи илмиву таълимӣ ва таҷҳизотҳои техникии донишгоҳ Интернет-Олимпиади байналмилалиро аз фанни матиматика бахшида ба бузургдошти Умари Хаём байни донишҷӯён роҳандозӣ намуд.

Имрӯз (23.11.2023) бо иштироки ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. олимпиадаи мазкур оғоз ёфт. Зимнан таъкид шуд, ки рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиӣва риёзӣ худ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисодии ҳар кишвар ва таъмини рақобатпазирии он кишвар дар арсаи ҷаҳон мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушд нақши илм,тафаккури илмӣ ва инноватсионӣ дар ҳалли ҳар гуна масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣва бунёдӣ хеле муҳим мебошад. Таъкид шуд, ки раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади рушди тафаккури математикӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология ва муаррифии истеъдодҳои нав Интернет-олимпиадаи онлайниро аз фанни математика роҳандозӣ намуд.

Гуфта шуд, ки бо назардошти ҷойгоҳи волои илмҳои дақиқ ва нақши калидии он дар дастёбӣ ба дастовардҳову ихтирооти мухталиф, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки бо итминони комил ин ташаббус дар рушду пешрафти илмҳои дақиқ саҳми назаррас мегузорад.

Дар зимн масъулин, аз ҷумла декани факултети механикаю математика Исмоил Қосимов оид ба тартиботи баргузории Интернет-Олимпиади мазкур муфассал маълумот доданд. Зикр шуд, ки дар олимпиадаи мазкур 163 нафар иштирокчӣ аз 80 муассисаҳои таҳсилоти олии 8 давлат – Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазокистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон ширкат меварзанд.

Ёдрас мешавем, ки кори Интернет-Олимпиади байналмилалӣ аз фанни математика имрӯзу пагоҳ идома дорад ва ғолибон санаи 25-уми ноябр қадрдонӣ мешаванд.