БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСИ ҲИСОБОТИИ КУМИТАИ ИҶРОИЯИ ИБТИДОИИ “ДОНИШ”-И ҲХДТ ДАР ДМТ

44

25-уми январи соли равон, дар доираи талаботи Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва бо мақсади натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и ҲХДТ дар ДМТ дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда, дар толори Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҷлиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” баргузор гардид.

Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, ректори ДМТ, раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” – Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин, аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” ва фаъолони ҳизб иштирок намуданд.

Маҷлисро раиси Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” – Насриддинзода Эмомалӣ Сайфиддин оғоз намуда, нахуст рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин ироа намуд.

Тибқи рӯзномаи маҷлис баррасии масъалаҳои зерин ба муҳокимаи аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и ҲХДТ дар ДМТ пешниҳод гардид.

1. Тасдиқи нақшаи фаъолияти КИИ “Дониш”-и ҲХДТ дар ДМТ оид ба шарҳу тавзеҳ ва тарғибу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024;

2. Гузориши КИИ “Дониш”-и ҲХДТ дар ДМТ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда;

3. Тасдиқи нақшаи кории КИИ “Дониш”-и ҲХДТ дар ДМТ барои нимсолаи якуми соли 2025;

4. Масъалаҳои ҷорӣ;

Ҷиҳати баррасии масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2024 ва нуктаҳои гуногуни Паём дар татбиқи сиёсати дохилию хориҷии кишвар ва такмили тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимми мамлакат баҳри рушди давлатдории миллӣ, аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и ҲХДТ дар ДМТ, устоди Донишгоҳ Содиқзода Парвиз суханронӣ намуда, бобати ҷоннок намудани кор дар самти тарғибу ташвиқ ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа пешниҳодҳои худро изҳор намуд.

Вобаста ба баррасии масъалаи дуюми рӯзномаи маҷлис ҳисоботи Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и ҲХДТ дар ДМТ оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолият дар соли 2024 ва вазифаҳо барои фаъолияти минбаъда аз ҷониби муовини раиси КИИ “Дониш”- Шарифзода Ҷамолиддин ироа гардид.

Дар музокира устодон Файзуллозода Э. – декани факултети химия ва Кароматуллои Қ. – декани факултети биология баромад намуда, фаъолияти ҳизбии Кумитаи иҷроияи ибтидоиро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш арзёбӣ намуданд.

Оид ба масъалаи мазкур лоиҳаи қарори дахлдор ба муҳокимаи аъзои Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” пешниҳод гардида, дастгирӣ ёфт.

Зимнан, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур – Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ суханронӣ намуда, фаъолияти Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-ро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобида, нақши ҳар як аъзои ҳизбро, ки Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”-и ҲХДТ дар ДМТ фаъолият менамоянд, дар татбиқи ғояҳои созанда ва амалӣ намудани ҳадафҳои оинномавию барномавии ҲХДТ созгор арзёбӣ намуд.

Дар фарҷоми маҷлис, як гурӯҳ аъзои фаъоли ҳизб бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.