БАРГУЗОРИИ СЕМИНАРИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР ДОНИШГОҲ

23

Имрӯз (09.12.2025) дар доираи татбиқи лоиҳаи “Бартараф кардани нигарониҳои экологӣ, ниёзҳои ҷомеа ва идоракунии хуб дар бахшҳои маориф ва шуғли Осиёи Марказӣ” (“Bridging Environmental Concerns, Social Needs, and Good Governance in Central Asian Education and Employment Sectors”) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти унвони “Ҳамгироии принсипҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунии босифат: идоракунии хавфҳо” семинари байналмилалӣ доир гардид.

Дар ифтитоҳи семинар ректори ДМТ, профессор Насриддинзода Э.С. ва намояндагони вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, инчунин, коршиносон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо ширкат варзиданд.

Зимнан гуфта шуд, ки масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва идоракунӣ яке аз самтҳои калидии ҷамеаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини рушди устувор мусоидат хоҳад кард.

Зикр гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пешбурди масъалаҳои марбут ба об, иқлим ва амнияти экологӣ дар сатҳи байналмилалӣ нақши пешсаф доранд.

Таъкид шуд, ки ДМТ ягона муассисаи таҳсилоти олӣ аст, ки кадрҳоро дар ихтисоси иқтисоди сабз тайёр мекунад ва дар доираи лоиҳа дар ин самт корҳои назаррасро ба роҳ монда шудааст. Қайд гардид, ки натиҷаи муҳокимаҳо барои таҳкими шарикӣ ва рушди устувори кишварҳои минтақа мусоидат хоҳанд кард.

Кори семинар дар бахшҳо идома дорад.