
Имрӯз, дар доираи Нақшаи муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш бо Вазорати мудофиа ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносиву худогоҳии миллӣ, ифтихор аз давлату давлатдорӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ, таҳкими дӯстӣ миёни ҷавонон, шиносоӣ бо шароити хизматии сарбозону афсарон ва ҷалби ҷавонон ба хизмати Модар–Ватан, Рӯзи дарҳои кушод ва саёҳати донишҷӯёни курсҳои 3 ва 4-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар қисми ҳарбии 02615-и Комендатураи ҳарбии Вазорати мудофиа таҳти унвони “Хизмати Модар–Ватанро аз дилу ҷон мекунем” баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур сардори Раёсати тарбияи ватандӯстии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш — Маҳмудзода Нусратулло Пулод, мудири Шӯъбаи кор бо ҷавонони ДМТ — Қодирзода С.С., ҳайати устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчунин роҳбарияти қисми ҳарбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом роҳбарияти Донишгоҳ ва як қатор сарбозону афсарон аз ҷониби Кумита бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
Баъди анҷоми мулоқот аз ҷониби аҳли фарҳанги донишгоҳ чорабинии фарҳангӣ–фароғатӣ пешкаши сарбозону афсарон ва донишҷӯён гардид.
Чорабиниҳои мазкур то моҳи декабри соли равон дар 35 қисми низомии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва сохторҳои кор бо ҷавонон ва варзиш идома меёбанд.








