БАРНОМАИ ФАРҲАНГӢ БА ИСТИҚБОЛИ РӮЗИ ҶАВОНОН

130

Имрӯз (27.04.2024) дар робита ба иқдоми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти баргузории барномаҳои фарҳангиву фароғатӣ ва намоиши ҳунарҳои мардумӣ дар Боғи Парчами давлатӣ дастаҳои эҷодии Ансамбли халқии “Наврӯз”-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барномаи рангини фарҳангиро манзури тамошобинон намуданд.

Иқдоми мазкур дар арафаи таҷлили Рӯзи ҷавонон роҳандозӣ гардидааст, ки баҳри фароғати сокинони пойтахт ва меҳмонон, ҳамзамон, тарғиби либоси миллӣ судманд мебошад.

Дар чорабинии мазкур масъулини бахши кор бо занон ва зумрае аз устодону донишҷӯёни Донишгоҳ иштирок доштанд.

Рустамзода Латифабону.