
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон вохӯрии ректори Донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода бо ректори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ, профессор Кристофер Геррӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масоили марбут ба тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои илмӣ ва таълимиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни мулоқот, профессор Э. Насриддинзода ба меҳмони олиқадр оид ба дастовардҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва равандҳои таълимию тарбиявӣ дар Донишгоҳи миллӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуда, изҳор дошт, ки ДМТ омода аст дар асоси қарордодҳои дуҷониба бо Донишгоҳи Осиёи Марказӣ лоиҳаҳои муштараки илмӣ, табодули устодону донишҷӯён ва ташкили чорабиниҳои маҷозиро роҳандозӣ намояд.
Ҷонибҳо ҳамчунин масъалаи ташкили ҳамоишҳои байналмилалӣ дар самтҳои муҳими ҷаҳонӣ, аз ҷумла масоили марбут ба тағйирёбии иқлим, истифодаи оқилонаи захираҳои об ва амалӣ намудани ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самтҳо, муҳокима намуданд. Таъкид гардид, ки баргузор намудани чунин чорабиниҳо на танҳо ба густариши робитаҳои илмӣ байни донишгоҳҳо, балки ба ҳалли мушкилоти глобалӣ низ мусоидат хоҳад кард.
Дар идомаи вохӯрӣ, профессор Кристофер Геррӣ ба фаъолияти факултетҳои тиббӣ ва фармасевтии ДМТ таваҷҷуҳ намуда, рушди соҳаҳои мазкурро дар Донишгоҳ мусбат арзёбӣ намуда, ба тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар ин бахшҳо изҳори омодагӣ кард.
Вохӯрӣ дар руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум баргузор гардида, оғози марҳалаи нави ҳамкориҳои судманди илмӣ ва таълимӣ байни ду муассисаи таҳсилоти олӣ арзёбӣ гардид.