БАРРАСИИ ФАЪОЛИЯТИ ДОНИШКАДАИ КОНФУТСИЙ

611

Имрӯз (10.12.2021) ҷаласаи маҷозӣ (онлайнӣ)-и Раёсати Институти Конфутсий баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур фаъолияти сохторҳои марбутаи институт, аз ҷумла Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар нишасти маҷозӣ ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х., муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ. профессор Мирзамонзода Х.М., директори донишкадаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон Ф.Қосимов ва омӯзгорони он иштироку суханронӣ намуданд.