БАРРАСИИ МАСЪАЛАИ МУҚОВИМАТ БА ҶИНОЯТКОРӢ ДАР ДМТ

177

Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз (04.03.2024) дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи «Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ҳамоиши илмӣ-назариявӣ бо иштироки намояндагони сохторҳои дахлдори ҷумҳурӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.

Ҷамъомади илмӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ, узви вобастаи АМИТ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор Насриддинзода Э. оғоз гардид. Зимнан зикр намуд, ки таҳияи Барномаи мазкур дар амалӣ намудани чораҳои маҷмӯӣ ва саривақтии сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ муҳим буда, равона гардидани тамоми қувва ва имкониятҳо дар муқовимат ба ҷинояткорӣ, пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои ба қоидавайронкуниҳои ҷиноӣ мусоидаткунанда талаботи замон мебошад. Таъкид гардид, ки “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дарозмуддат буда, зина ба зина амалӣ намудани он вазифаи қишри зиёии ҷомеа ба шумор меравад.

Президенти кишвар таъкид менамоянд, ки давлату Ҳукумати Тоҷикистон тули солҳои истиқлолияти давлатӣ ба рушди низоми тарбияву ташаккули насли солим ва фароҳам овардани шароит барои зиндагии арзандаи ҳар як шаҳрванд аҳамияти зарурӣ дода, барои тарбияи насли наврасу ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор аз таърих ва миллат тадбирҳои зарурӣ меандешад. Дар замони муосир рӯ овардан ба масъалаи ҷавонон ва истифода аз имкониятҳои зеҳниву ҷисмонии онҳо яке аз шартҳои ноил шудан ба инкишофи устувори давлат ва ҷомеа мебошад.

Дар идомаи ҳамоиш номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Саидзода Изатулло Ҳабибулло – директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон – муовини Сардори Академияи ВКД ҶТ иштирок ва суханронӣ намуданд. Зикр намуданд, ки воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун неруи бузурги бунёдгару созандаи мамлакат эътироф шудаанд. Аз ин рӯ, мо ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҳаёти наврасону ҷавононро самти стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардаем. Ҷавонони солимфикри тоҷик бояд аз ҳар гуна ҳамлаҳои мафкуравию пасипардагӣ бетараф буда, холисона ва ба манфиати миллату давлати худ роҳи созандагиро пеша намоянд ва барои равнақу ривоҷи тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳанг, адабу маърифат чун табақаи неруманди ҷомеа, баҳри эъмори давлати ҳақиқии дунявию демократӣ ва ҳукуқбунёд кушишу талошҳои пайвастаро амалӣ намоянд.

Дар идомаи ҳамоиш доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ профессори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва муқовимат бо коррупсияи факултети ҳуқуқшиносӣ Тақдиршоҳ Шарифов оид ба “Ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва намудҳои он”, дотсенти кафедраи ҳуқуқи мадании факултети ҳуқуқшиносӣ Муҳаммадҷон Соҳибзода доир ба шарҳи “Барномаи давлатии муқовимат ба ҷинояткорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» ва дотсенти кафедраи криминалистика ва фаъолияти экспертизаи судии факултети ҳуқуқшиносӣ Комрон Давлатзода дар мавзӯи “Киберҷинояткорӣ: таҳдид асри XXI” маърӯза намуданд.

Зикр гардид ки, дар раванди ҷаҳонишавӣ мубориза ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегонагон бидуни мавҷудияти ақидаи устувор дар кадом соҳае, ки набошад, ғайри имкон аст. Пешгирӣ кардан аз ифротгароию тундгароӣ яке аз омилҳои муҳими ҳифзи миллат, ваҳдату ягонагӣ, сулҳу суббот ва рушди кишвари азизамон мебошад.

Дар анҷоми ҳамоиш фикру хулоса ва пешниҳоду таклифҳо шунидаю баррасӣ шуд.