Имрӯз (20.12.2023) дар доираи Нақшаи чорабиниҳои бахши тарбияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бомаъмурияти Энсклопедияи тоҷик дар мавзӯи “Тарғиби арзишҳои миллӣ ва рушди Тоҷикистон дар донишномаи интернетии Википедия” семинари илмӣ-назариявии бо ҷалби мутахассисони соҳа баргузор гардид.
Дар оғози семинар муовини ректор оид ба тарбия Имомова Н.М. суханронӣ намуда, иброз дошт, ки дар ин семинар чанд нафар аз намояндагони бахшҳои гуногуни Донишномаи озоди Википедия даъват гардидаанд, ки мақсад аз ин чорабинӣ беҳтар намудани фаъолияти донишномаи озоди интернетӣ мебошад.
Дар семинар Муҳаммад Ҳайдарзода-мудири бахши тоҷикӣ ва форсии Википедия, муқими кишвари Олмон, Муҳсин Солик-намояндаи Википедия дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, Анастасия Лвова-намояндаи бахши русии Википедия ва Дӯстмуроди Саид-корманди Энсклопедияи тоҷик, маъмури бахши тоҷикии Википедия иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимнан таъкид шуд, ки дар замони ҷаҳонишавӣ истифодаи самараноки интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ барои тарғиби арзишҳои миллӣ ва рушди кишварҳо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Махсусан, саҳифаи интернетии Википедия бахши бузурги фаъолияти интернетиро дар бар мегирад, ки мардуми олам аксари маълумотро тавассути интернет аз ин саҳифа мегиранд.
Таъкид шуд, ки рушди ин саҳифа ва тарғиби чеҳраҳои шинохтаи илм, фарҳанг, адаб ва технологияи Тоҷикистон дар он ба таври зарурӣ бояд корбарӣ карда шавад. Аз ин лиҳоз, моро мебояд, ки ба ин ҷанбаи масъала диққати ҳамаҷониба бидиҳем ва тавассутин ин саҳифаи пурнуфуз дастовардҳои замони қабл ва даврони соҳибистиқлолиро тарғибу ташвиқ намоем.
Мутахассисон иброз доштанд, ки тибқи таҳлилҳо мавод дар саҳифаи донишномаи озоди интернетӣ дар шакли зерин дида мешавад. Забони англисӣ дар ҷойи 1, забони русӣ дар ҷойи 7, забони форсӣ дар ҷойи 19, замони узбекӣ дар ҷойи 42, забони қазоқӣ дар ҷойи 48, забони тоҷикӣ дар ҷойи 70 ва забони қирғизӣ дар ҷойи 83. Дар умум википедия бо 304 забон дастрас аст, ки яке аз онҳо википедияи забони тоҷикӣ мебошад.
Гуфта шуд, ки семинари имрӯза барои рушди ин самт дар Тоҷикистон заминаи мусоиде фароҳам меорад.