ОБОДКОРИҲО ДАР ШАҲРАКИ ДОНИШҶӮЁН

402

Яке аз анъанаҳои нек ин тозаю озода намудани гирди боғҳо ва атрофи биноҳои таълимию истиқоматӣ мебошад, ки солҳост дар кишварамон ба таври густурда анҷом меёбад. Бо ташаббуси шаҳрдории кишвар пайваста дар саросари ҷумҳурӣ маъракаи кабутизоркунию ободу зебо кардани атрофи биноҳои корию таълимӣ гузаронида мешавад.

Роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ дар заминаи ин иқдом ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе маъракаи умумидонишгоҳиро баргузор менамояд. Имрӯз дар шанбегии мазкур, ки дар Шаҳраки донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид, роҳбарон ва кормандони сохторҳои дахлдори донишгоҳ ширкат варзида, атрофи биноҳои таълимӣ ва боғҳои Шаҳраки донишҷӯёнро тоза намуданд.