Бонувони довар аз Тоҷикистон – довари ФИФА Нодира Мирзоева, ҳамзамон, мураббии кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Донишгоҳи миллӣ ва ёвари довари ФИФА Дилшода Раҳмонова, ки ба рӯйхати доварони элитаи Конфедератсияи футболи Осиё шомиланд, бозиҳои марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни духтарони то 17-сола ва 20-соларо ҳакамӣ мекунанд.
Доварони мо бозиҳои даври аввали интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни духтарони то 20-соларо дар гурӯҳи «D», ки аз 8-ум то 12-уми март дар пойтахти Урдун – шаҳри Аммон баргузор мешаванд, ҳакамӣ мекунанд. Дар ин гурӯҳ дастаҳои Лубнон, Урдун, Муғулистон ва Бутан ҳунарнамоӣ менамоянд.
Сипас Нодира Мирзоева ва Дилшода Раҳмонова ба Сингапур рафта, онҷо дар бозиҳои даври аввали интихобии Ҷоми Осиё-2024 байни духтарони то 17-сола дар гурӯҳи «D», ки баргузориашон аз 26 то 30 апрел дар назаранд, адои вазифа мекунанд. Дар ин гурӯҳ тимҳои Бангладеш, Сингапур, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Туркманистон мубориза мебаранд.