БОЗДИДИ ДОНИШҶӮЁНИ ХОРИҶИИ ДМТ АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

55

Имрӯз, 28 марти соли 2025, бо дастгирии роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гурӯҳи донишҷӯёни хориҷии Донишгоҳ, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Ҳиндустон, ки соли аввал аст дар факултети тиббӣ таҳсил мекунанд, аз Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд. Ин инқдом барои донишҷӯён имкон дод, ки ба давраи таҳсили Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳ, саҳифаҳои таърихии Донишгоҳи миллӣ, дастовардҳои он ва нақши Пешвои миллат дар рушди Донишгоҳ аз наздик ошно шаванд. Зимнан, донишҷӯён бо нигораҳои нодир, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва экспонатҳои осорхона шинос шуда, дар бораи сорхона маълумоти муфассал гирифтанд. Иқдоми мазкур баҳри такмил додани дониши донишҷӯён мусоидат хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки Осорхонаи Пешвои миллат зимни ташрифи Президенти кишвар ба Донишгоҳ санаи 22.01.2021 дар биноҳои таълимии факултетҳои иқтисодӣ ифтитоҳ ёфтааст.