БОЗДИДИ ИШТИРОКЧИЁНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ” АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

248

Соли панҷум аст, ки таҳти cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии тамоми сокинони кишвар озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад.

Тайи чанд рӯз аст, ки дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардида истодааст. Дар ин даври озмун 528 нафар довталаб иштирок менамояд, ки дар он ҳамзамон, довталабони синфҳои аз 1 то 4 аз рӯи номинатсияи «Адабиёти муосир», «Адабиёти классик» ва «Адабиёти ҷаҳон» донишу истеъдоди худро ба ҳайати ҳакамон нишон медиҳанд. Озмун то 15 ноябри соли 2023 давом ёфта, барои иштирокчиён барномаҳои гуногуни фарҳангӣ пешбинӣ гардидаанд.

Бо ин мақсад имрўз як гурӯҳ иштирокчиёни даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки дар бинои таълимии факултетҳои иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъсис дода шудааст, боздид ба амал оварданд.

Иштирокчиёни даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз Осорхонаи Пешвои миллат, ки ба овони донишҷӯии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастовардҳои олимону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бахшида шудааст, огоҳии бештар пайдо намуда, ба ташкилкунандагони барои фароҳам овардани шароити созгор изҳори сипос намуданд.

Мақсад аз боздиди иштирокчиёни даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тарбияи наслҳои имрӯз дар рӯҳияи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба рукнҳои давлатдории миллӣ ва ошноӣ бо хизматҳои шоёни Пешвои муаззами миллат дар роҳи эъмори ҷомеаи муосири Тоҷикистон, саҳми шахсии Роҳбари давлат дар инкишофи соҳаҳои гуногуни илму маориф, алалхусус дар пешрафти чашмраси муассисаҳoи олии таълимии кишвар мебошад.