БОЗДИДИ МУОВИНИ САРВАЗИР АЗ ҶАРАЁНИ БАРГУЗОРИИ ОЗМУНИ “ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ”

211

Имрӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷкистон Дилрабо Мансурӣ аз ҷараёни баргузории озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” боздид намуд. Имсол даврҳои гуногуни озмун дар пояи модию техникии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон гузашта истодааст. Озмуни мазкур бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм бо истеҳсолот, ҳамчунин дарёфти истеъдодҳои нав роҳандозӣ шудааст.