БОЗДИДИ НАМОЯНДАГОНИ ҲХДТ АЗ ОСОРХОНА ВА МАРКАЗИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

223

Имрӯз (20.02.2023) дар доираи нақша – чорабиниҳои Кумитаи марказии ҲХДТ, намояндагони Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Душанбе ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташриф оварда, аз Осорхонаи Пешвои миллат ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат боздил намуданд. Дар ҳайати меҳмонон раисони Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҳузур доштанд. Меҳмононро Ректори донишгоҳ профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳамроҳӣ намуд.

Осорхонаи Пешвои миллат бо ташаббус ДМТ ва дастгирии Ҳукумати кишвар соли 2021 бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат бошад осорҳои Президенти кишвар ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корнамоиҳои Пешвои миллатро инъикос менамояд, ҷамъоварӣ шудаанд. Зимни боздид намояндагони ҲХДТ аз Осорхона ва Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат, аз маҳбубият ва арҷгузорӣ ба Сарвари давлат ба Раёсати ДМТ изҳори сипос намуданд.