БОЗДИДИ ПАҲЛАВОНИ МАЪРУФИ ТОҶИК ТЕМУР РАҲИМОВ АЗ ОСОРХОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

204

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маркази бузурги илмию таълимӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, муҳасилини он на танҳо дар самти илму таълим, инчунин, дар самти соҳаи варзиш низ ба дастовардҳои назаррас шарафёб гаштаанд.

Имрӯз (10.11.2022) бо дастгирии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ва ташаббуси бахши ҷавонони донишгоҳ паҳлавони маъруфи тоҷик, ғолиби мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» Темур Раҳимов ба донишгоҳ ташриф овард. Варзишгари шинохтаро роҳбарияти донишгоҳ ва зумрае аз донишҷӯён – варзишгарони донишгоҳ истиқбол гирифтанд. Ректори донишгоҳ зимни суҳбат Темур Раҳимовро барои дастовард ва муваффақияти навбатияш самимона табрик намуда, дар робита ба муваффақиятҳои донишҷӯён-варзиршгарони донишгоҳ иттилоъ дод.

Сипас роҳбарияти донишгоҳ ва паҳлавони маъруфи тоҷик, ғолиби мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» Темур Раҳимов аз Осорхонаи Пешвои миллт боздид намуданд.

Ёдовар мешавем, ки Темур Раҳимов дар мусобиқаи «Baku Grand Slam 2022» миёни сангинвазнон мақоми аввалро касб кард, ки ин аввалин медали тилло дар таърихи ҷудои меҳан дар мусобиқаҳои Гранд Слам ба ҳисоб меравад. Темур Раҳимов аз рӯйи маълумоти дуюм дар факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ низ таҳсил мекунад.

Зимнан гуфта шуд, ки вохӯрии варзигарони донишгоҳ бо Темур Раҳимов рӯзҳои наздик доир хоҳад гашт.