БОЗДИДИ РӮЗНОМАНИГОРОН АЗ МАРКАЗИ ИЛМӢ-ТАҲҚИҚОТИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ

318

Имрӯз баъд аз нишасти матбуотӣ, ки дар он беш аз 30 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ иштирок намуданд, рӯзноманигорон аз Маркази илмӣ-таҳқиқотӣ ва Осорхонаи Пешвои миллат боздид намуданд.

Ҳайати рӯзноманигоронро намояндагони раёсати донишгоҳ ва зумрае аз устодони факултети журналистика роҳнамоӣ намуданд.

Ёдрас мешавем, ки санаи 21-уми декабри соли сипаришуда бо мақсади эҳтиром ва арҷгузорӣ ба мактаби бузурги давлатдории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо дастгирии Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар назди донишгоҳ Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат мавриди истифода қарор дода шуд. Дар Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат осори банашррасидаи Сарвари давлат ва осори муҳаққиқону донишмандон, ки корномаҳои Пешвои миллатро инъикос менамоянд, ҷамъоварӣ шудаанд.