БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ АЗ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ СИНЗЯН

274

Имрӯз (06.12.2023) намояндагони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти роҳбарии ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. зимни сафар ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва мулоқот бо ректори Донишгоҳи омӯзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷаноби Вуманҷон Айлӣ аз донишгоҳи мазкур боздид намуданд. Зимни боздид масъулин ба намояндагони ДМТ иттилоъ доданд, ки Донишгоҳи омӯзгории Синзян яке аз муассисаҳои пешқадами Ҷумҳурии Мардумии Чин мебошад. Донишгоҳ бо муассисаҳои бузурги илмию таълимӣ равобити судманд доша, яке аз муассисаҳои ҳамкор бо ДМТ, хусусан дар самти фаъолияти Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди донишгоҳ мебошад. Боздиди намояндагон донишгоҳ аз ҷойҳои гуногуни таърихӣ ва таълимию тарбиявӣ сурат гирифтанд.