БОЗДИДИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲ АЗ ПОЙГОҲИ ТАЪЛИМӢ- ТАҶРИБАОМӮЗИИ ТАКОБ

257

Имрӯз (25.06.2022) ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҷиҳати огоҳ шудан аз рафти таҷрибаомӯзии донишҷӯён аз Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб, ки дар ноҳияи Варзоб ҷойгир аст, боздид намуд.

Дар зимн аз шароити маишии донишҷӯён ва ҷараёни таҷрибаомӯзии онҳо боздид ва ҳолпурсӣ намуда, бо донишҷӯён ва масъулини донишгоҳ вохӯрии судманд анҷом доданд. Гуфта мешавад, ки дар робита ба беҳтар гардонидани имкониятҳо дар пойгоҳи мазкур чораҳо андешида шуда, дар доираи имконият ҳуҷраҳои зарурии он бозсозӣ карда мешаванд.

Ёдрас мешавем, ки имрӯз роҳбарияти донишгоҳ мавзеъҳои таҷрибаомӯзӣ, аз ҷумла Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии деҳаи Зиддии ноҳияи Варзоб, Пойгоҳи таълимӣ-таҷрибаомӯзии Такоб дар ноҳияи Варзоб, Пойгоҳи фароғатии таҷрибавии «Ҷавонӣ» дар дараи Ромити шаҳри Ваҳдат, Маркази таълимӣ-таҷрибавии бостоншиносӣ-этнологияи факултети таърих дар ноҳияи Фархорро барои устодону донишҷӯён марбутаи донишгоҳ омода намудааст ва пайваста дар самти беҳтар гардидани шароити онҳо тадбирҳои муҳимро рӯйи кор меоварад.