ЧЕҲРАИ МОНДАГОРИ АДАБУ ФАРҲАНГИ ТОҶИК ВА МУНОДИИ СУЛҲ

127

Ҳамасола дар шерозаи зодрӯзи шоири маъруф ва Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода бо ташаббуси кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳи миллӣ дар якҷоягӣ бо сохторҳои илмию адабии ҷумҳурӣ маҳфили «Турсунзодахонӣ» баргузор мегардад. Имсол бо ташаббуси роҳбарияти Донишгоҳ ҳамоиши мазкур дар сатҳи байналмилалӣ бо иштироки меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар доир гардид.

Ҳамоиш бахшида ба 113-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон, устод Мирзо Турсунзода таҳти унвони «Мирзо Турсунзода – чеҳраи мондагори адабу фарҳанги тоҷик» баргузор гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар бахши аввал субҳгоҳон устодону шогирдони факултетҳои филологияи тоҷик, журналистика, забонҳои Осиё ва Аврупо ба зиёрати оромгоҳи шоир ба Лучоби зебоманзар рафта, бо гулгузориву шеърхонӣ ва ёдкарди фазилатҳои неки шоир рӯҳи ӯро шод карданд.

Дар бахши дувум бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни илмию адабии ҷумҳурӣ ва берун аз он дар бинои асосии Донишгоҳ ҳамоиши «Мирзо Турсунзода – чеҳраи мондагори адабу фарҳанги тоҷик» доир гардид, ки ба 44-умин маҳфили «Турсунзодахонӣ» рост омад.

Дар кори ҳамоиш Абдуллозода Масрур – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Одилзода Дилбар – муовини Раиси шаҳри Душанбе, Саидзода Маҳмадтоир – директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ниёзӣ Сироҷиддин – сардори Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳотамиён Абдурашид – сардори Шуъбаи кор бо ҷавонон ва собиқадорони Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ -тарбиявии Вазорати мудофияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,Динеш Бҳардваҷ – котиби дуюми сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сулаймон Исроил – доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи таърихи адабиёти классикии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Шавкат Ҳасанов–доктори илмҳои филология, профессор, мудири кафедраи филологияи тоҷик ва адабиёти хориҷии факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд, Ҷумъа Ҳамроҳ – доктори илмҳои филология, профессори факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Самарқанд иштирок дошатанд.

Кори ҳамоиш бо садо додани Суруди миллӣ ва сухани табрикотии меҳмонон оғоз ёфт.

Нахуст ректори Донишгои миллии Тоҷикистон, профессор Насриддинзода Эмомалӣ суханронӣ намуда, иброз дошт, ки устод Мирзо Турсунзода мунодии сулҳу дӯстӣ, нависандаи равшанзамир, машъалдори роҳи озодиву истиқлол, парчамбардори матини илму адаб ва фарҳанги миллии тоҷикон аз сӯи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Гуфта шуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар асараш «Чеҳраҳои мондагор» овардаанд, ки «Мирзо Турсунзода ҳамнафасу ҳамқадами Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ва имрӯз низ бо осори пурмазмунаш ҳамзамони мо аст. Мирзо Турсунзода, пеш аз ҳама, шоири миллии халқи тоҷик аст».

Сипас, меҳмонон Абдуллозода Масрур – мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Одилзода Дилбар – муовини Раиси шаҳри Душанбе ва Динеш Бҳардваҷ – котиби дуюми сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сухани табрикотӣ намуда, таъкид намуданд, ки устод Мирзо Турсунзода тавонист миллати тоҷикро чун халқи сулҳпарвару ба дӯстиву рафоқат устувор ба ҷаҳониён муаррифӣ намояд.

Баъдан номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи ДМТ Шарифзода Боймурод дар мавзуи “Васфи зан-модар дар ашъори Мирзо Турсунзода”, номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филологияи Донишгоҳ Рустам Ваҳҳоб оид ба мавзуи “Мирзо Турсунзода – шоири ормонҳои башар” ва номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи телевизион ва радиошунавонии факултети журналистикаи Донишгоҳ Ализода Абдурашид “Қироати шеър аз ашъори Мирзо Турсунзода” суханронӣ намуданд.

Гуфта шуд, ки устод Мирзо Турсунзода шоири саршиноси тоҷик мутааллиқ ба ҳамаи ҷаҳон буда, паёмаш ба кишвари худаш маҳдуд нагашта, арзиши ҷаҳонӣ дорад. Зикр шуд, ки тараннуми дӯстии халқҳо аз ҷумлаи мавзӯоти меҳварии ашъори устод Мирзо Турсунзода ба шумор меравад. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки симои ин шоири миллии мо ба ҳукми як чеҳраи нотакрори сулҳпарвар, мубаллиғи дӯстии халқҳои олам дар саросари ҷаҳон муаррифӣ гардидааст.

Ҳамоиш бо сухани хотимавии ректори Донишгоҳ ва садо додани Суруди миллӣ ба анҷом расид.