ЧОРАБИНИИ ҲАРБӢ-ВАРЗИШӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ

611

Имрӯз (24.11.2021) бо ташаббуси Литсейи табиию риёзии ДМТ чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ баргузор гардид. Дар чорабинии мазкур роҳбарияту намояндагони сохторҳои гуногуни донишгоҳ (таълиму тарбия) иштирок намуда, омӯзгорону толибилмони литсейро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрик намуданд.

Чорабинии ҳарбӣ-варзишӣ бо садо додани Суруди миллӣ оғоз гардид. Дар рафти чорабинӣ муҳассилини Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиаи ҶТ низ иштирок намуданд. Хондани сурдҳои ватандӯстӣ, вазнбардорӣ, бандкашӣ аз ҷумлаи бозиҳои ҳарбӣ -варзишӣ буданд, ки аз ҷониби хонандагони Литсейи ДМТ ва Литсейи ҳарбии Вазорати мудофиа иҷро гардиданд.

Дар интиҳо ғолибони бозиҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз ҷониби муовини аввал, муовини ректори ДМТ оид ба таълим Абдулмуминзода Н., ёвари ректори донишгоҳ Бобохонзода Р., сардори раёсати таълим Қосимзода С., декани факултети молиявию иқтисодӣ И. Шамсов ва директори Литсей Ш. Ғаффоров бо «Ифтихорнома»-и Литсей сарфароз гардонида шуданд.

 Аксҳо аз ҷараёни чорабинӣ: