ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

455

Имрӯз (22.02.2024) бахшида ба 31-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки меҳмонон аз сохторҳои гуногуни ҷумҳурӣ, роҳбарияти донишгоҳ ва афсарону донишҷӯёни кафедраи ҳарбӣ дар толори калони донишгоҳ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Нахуст ректори донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. афсарону омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, зикр кард, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат яке аз шоҳсутунҳои давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб ёфта, кафили сулҳу субот, волоияти қонун ва тартиботи ҳуқуқӣ ва дар маҷмуъ, таҳкими иқтидори мудофиавии мамлакат мебошад.

Зимнан қайд гардид, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зодаи даврони истиқлол мебошад, зери сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Генерали артиш, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаи муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеаро сарбаландона иҷро намуда истодаанд. Воқеан, ҳифзи истиқлолу озодии давлат ва расидан ба чунин ҷашнҳои бузург, пеш аз ҳама, натиҷаи сиёсати созандаи Пешвои муаззами миллат ва хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.

Дар идомаи суҳбат ректори донишгоҳ ҷавононро ба хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ҳидоят карда, таъкид намуданд, ки муқаддастарин арзиши ҳаёт-дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани марзу буми Ватан мебошад.

Дар идомаи чорабинӣ намояндаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон -Шамсиддин Зиёев, роҳбари Дастгоҳи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон – Умарҷони Эмомалӣ ва афсари Ситоди генералӣ – Салимзода Абдулҳай сухани табрикотӣ намуда, устодони донишгоҳ Абдулхоҷа Умаров – дотсенти кафедраи таърихи нав ва навтарини факултети таърих дар мавзуи “Таъсис ва таҳкими Артиши миллӣ дар замони истиқлол” ва Сулаймон Анварӣ – дотсенти кафедраи забони тоҷикӣ ва усулуи таълими забон ва адабиёти тоҷики факултети филология оид ба мавзуи “Андешаҳои меҳанпарастӣ дар “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ” маърӯза намуданд.

Таъкид менамоем, ки ба ин муносибат афсарони кафедраи ҳарбӣ тибқи фармоиши ректори донишгоҳ бо мукофотпулӣ, намояндагони донишгоҳ ва чанде аз афсарони кафедра бо медалу ифтихорномаҳои ҷашнӣ қадрдонӣ шуданд.

Чорабиниро барномаи фарҳангии ансамбли халқии “Наврӯз”-и донишгоҳ, ки иборат аз суруду таронаҳои ватандӯстона буд, ҳусни дигар зам намуд.

Ёдрас мешавем, ки ба ин муносибат субҳгоҳ дар парки мошинҳои таълимӣ, синфхонаҳои тайёрии оташфишонӣ, тайёрии техникаи махсус ва синфхонаи сикли тайёрии радиоалоқаи кафедраи ҳарбии донишгоҳ дарсҳои тарбиявӣ-ватандӯстӣ гузаронида шуд.