ЧОРАБИНИИ ТАРБИЯВӢ

359

 Имрӯз (30.09.2022) дар факултетҳои тиббӣ ва фарматсевтии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои бандҳои мухталифи «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мавзӯи «Муқовимат ба коррупсия, пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ» чорабинии тарбиявӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ прокурори раёсати назорати иҷрои қонунҳо дар мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандар Умарзода, сарнозири раёсати муқовимат ба каррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Васлибек Назриён, сармутахассиси раёсати мактабҳои олии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвиноз Назарова ва мудири шуъбаи ҳуқуқи ДМТ Муминзода Нозим иштирок ва суханронӣ намуданд.

Искандар Умарзода зимни суханронии хеш иброз дошт, ки терроризм ва экстремизм бо амалҳову оқибатҳои даҳшатбор ва бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо эҳсоси таҳдидҳои афзояндаи терроризм ва экстремизм ба амнияти миллӣ ва рушди босубот ба пайгирӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои минтақа муборизаро дар ин самт пурзӯр менамояд.

Зикр шуд, ки воқеияҳои сиёсии ҷаҳони муосир дар мубориза ба ифротгароию терроризм нишон медиҳад, ки ягон давлат дар алоҳидагӣ наметавонад ин таҳдидҳоро пурра решакан намояд, зеро доираи паҳншавӣ ва робитаҳои онҳо басо фарох мебошанд. Маҳз аз ҳамин сабаб ҷаҳони имрӯза терроризму ифротгароиро ҳамчун мушкилоти умумибашарӣ эътироф намуда, муборизаи дастҷамъонаро ба муқобили онҳо мувофиқи мақсад мешуморад. Васлибек Назриён изҳор намуд, ки муқовимат ба коррупсия ҷузъи муҳимми сиёсати ҳуқуқии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ташаккули заминаҳои боэътимоди ҳуқуқию ниҳодӣ ва ҷалб намудани аҳли ҷомеаро тақозо менамояд. Дар замони имрӯза коррупсия яке аз масъалаҳои муҳимми умумибашарӣ ба ҳисоб рафта, дар тамоми соҳаҳои гуногуни ҷомеа ҳамчун фаъолияти ҷинояткорона дониста мешавад.

 Бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Зикр шуд, ки барои мубориза бурдан ба ин зуҳуротҳои номатлуби ҷомеа бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва махсусан ҷавонон масъулият эҳсос намуда, дар якҷоягӣ ба онҳо мубориза баранд.