Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» санаи 20-уми июни соли 2024 қабул гардид, ки муҳимтарин дастоварди Донишгоҳ дар соли ҷорӣ маҳсуб мешавад. Қонуни мазкур аз таваҷҷуҳи хоссаи Пешвои муаззами миллат ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун муассисаи бонуфузи таҳсилоти олии касбии кишвар гувоҳӣ медиҳад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» минбаъд дар рушду пешрафти Донишгоҳ, тақвияту ташаккули самтҳои таълимию тарбиявӣ, илмию таҳқиқотӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ, молиявию хоҷагидории Донишгоҳ, ба талаботи ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани стандарт ва нақшаҳои таълимӣ, омода намудани мутахассисони варзида ва ҷавобгӯ ба талаботи бозори байналмилалии меҳнат ва саҳми бориз гузоштан дар татбиқи ҳадафҳои сиёсати давлатӣ дар соҳаи илму маориф заминаи мусоид фароҳам меоварад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» имрӯз (12.09.2024) бо иштироки муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим, муовинони ректор, деканони факултетҳо ва дигар воҳидҳои сохтории Донишгоҳ ҷаласа баргузор гардид.
Зикр карда шуд, ки ҷиҳати татбиқи амалии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» Нақша – чорабиниҳои донишгоҳӣ таҳия шуда, барои амалисозии он гурӯҳи корӣ таъсис дода шудааст.
Муовини аввал, муовини ректор оид ба таълим Раҷабзода Ф.К. мазмуну муҳтавои Қонуни мазкурро шарҳу тавзеҳ дода, аз роҳбарони воҳидҳои сохторӣ талаб намуданд, ки барои амалисозии он чораҳои зарурӣ андешанд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки бо мақсади амалисозии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» бояд Стандартҳои давлатии таҳсилот дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳия карда шуда, ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад.
Дар идомаи ҷаласа оид ба иҷрои бандҳои алоҳидаи Нақша- чорабиниҳо вобаста ба амалӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» аз 20 июни соли 2024, №2061 ба масъулин дастурҳои мушаххас дода шуд.