ДАР ҶАВОНӢ ДОР ПИРОНРО АЗИЗ…

4446

(Вохӯрии ректори ДМТ бо устодони собиқадор)

Имрӯз (28.12.2022) роҳбарияти Донишгоҳи миллӣ тасмим гирифт, ки устодони собиқадор, ки дар самтҳои гуногун фаъолият доранд, даъват намуда, дидору суҳбати хотирмоне ташкил намояд.

Ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. дар остонаи бинои таълимии донишгоҳ устодони собиқадорро истиқбол намуда, сипас дар толори Ганҷинаи ба номи Ш.Ҳусейнзода суҳбати хотирмон баргузор намуд.

Қаблан Ректори донишгоҳ устодонро, ки яке аз захираҳои бузурги илмию таълимии кишвар ва чеҳраҳои шинохтаи илму адаби ҷумҳурӣ дониста мешаванд, ба фарорасии соли нави мелодии 2023 табрик намуда, таъкид дошт, ки таҷрибаи устодони соҳибмактабу соҳибтаҷриба барои рушду инкишофи ҳамаҷонибаи донишгоҳ мусоидат менамояд.

«Донишгоҳ ба чунин устодони соҳибмактаб ниёз дорад»-гуфта шуд дар мулоқот.

Зимнан таъкид шуд, ки дар вохӯрӣ собиқ вазирону ректорон, мушовирону академикҳо ва умуман шахсиятҳое қарор доранд, ки машварат, дарсҳо ва андешаҳои таҷрибаи онҳо барои насли имрӯз муҳим ва судманд мебошанд.

Ректори донишгоҳ иброз дошт, ки Ассотсиатсияи хатмкардаҳои ДМТ таъсис дода шуда, он метавонад дар рушду инкишофи самтҳои мухталифи донишгоҳ мусоидат намояд ва ҳамзамон дар самти омӯзиши таҷрибаи рӯзгори устодони соҳибназар хидмат намояд.

Қобили қайд аст, ки суҳбатҳои самимиии устодон Маҳмудов М., Ф.Раҳимов, сарҷаъмии устодон, андешаҳои таърихии рӯзгордидагон, қадрдонию ҳавасмандсозии соҳибмактабон, гирифтани акси хотиравии устодон ва сари хони идона нишастани соҳибдилон рӯзи таърихӣ ва дарси бузурги зиндагиро мемонад, ки ин ҳикмати зеринро ба ёд овард.

Дар ҷавонӣ дор пиронро азиз,То азизи дигарон гардӣ тӯ низ.