ДАР СУҲБАТИ САФИР

419

Дар толори калони Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи кормандони дипломатии Федератсияи Русия” Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев Семён Вячеславович дарси кушод доир намуд, ки дар он устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистон, филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва намояндагони дипломатии ҳарду кишвар иштирок намуданд.

Дар оғоз ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. меҳмонони олиқадрро ҷиҳати ташриф ба донишгоҳ хайрамақдам намуда, зикр кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия, хусуан дар самти илму маориф дар ҳоли рушд қарор дошта, муноситатҳо аз 8 апрели соли 1992 барқарор шудааст. Гуфта шуд, ки Русия яке аз аввалинҳо шуда истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф кард. Дар заминаи муносибатҳои дӯстона ташкили марказҳои омӯзишию таълимӣ ва рушди муносибатҳои илмию таълимӣ дар ҳоли афзоиш қарор дорад. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия дар соҳаи илму маориф рӯз то рӯз густариш ёфта, ҷиҳати ба таҳсил фаро гирифтани ҷавонони тоҷик дар мактабҳои олии Русия таваҷҷуҳи бештар зоҳир мегардад. Зикр гардид, ки муносибатҳои дӯстона Тоҷикистону Русия ба манфиати кишварҳо буда, пайваста инкишоф меёбанд.

Сипас, Сафири Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Григорев С.В. зимни суханронӣ бо маърӯза таҳкими шарикии стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русияро қайд намуда, дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи дипломатӣ, иҷтимоӣ-иқтисодӣ, гуманитарӣ ва сиёсиро мусбат арзёбӣ кард. Зимнан сафир доир ба таърихи хадамоти дипломатии Русия, дар бораи шахсиятҳои барҷастаи Вазорати корҳои хориҷии Русия сухан ронда, ба вазъи кунунии муносибатҳои байналмилалӣ ва раванди ҷаҳонишавӣ таваҷҷуҳи хоса намуд.

Дар охир Григорев Семён Вячеславович ба устодону донишҷӯён дар масъалаҳои гуногун саволу ҷавоб намуданд.