Таваҷҷуҳ ба дастовардҳои аввали соли 2026-и донишгоҳ

7

Имрӯз (15.07.2026) дар толори Шурои олимони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарализода Хуҷамурод, роҳбарону намояндагони сохторҳои гуногуни Донишгоҳ ва беш аз 50 нафар рӯзноманигорони телевизиону радио ва нашрияҳои ҷумҳурию шабакаҳои иҷтимоӣ нишасти матбуотӣ доир гардид.

Дар оғоз ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. роҷеъ ба фаъолияти Донишгоҳ дар давраи якуми соли 2026 мухтасар сухан намуд. Зимнан қайд гардид, ки Донишгоҳ шашмоҳаи аввали соли ҷориро бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муназзам гардонидани корҳои таълимию илмӣ, тарбиявию ташкилӣ ва хоҷагидорӣ бо дастовардҳои назаррас сипарӣ намуд.

Дар зимн рӯзноманигорон доир ба низоми таҳсилот дар Донишгоҳ, иҷрои нақшаи қабул, таъсиси ихтисосҳои нав, ҳамкориҳои ДМТ бо кишварҳои хориҷӣ, инчунин, татбиқи корҳои анҷомёфта дар робита ба иқдомҳои пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саволҳо дода, аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ ҷавобҳои қаноатманд гирифтанд.

Дар охир ректори Донишгоҳ, профессор Насриддинзода Э.С. бори дигар ҳузури рӯзноманигоронро ба Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, таъкид дошт, ки нақши рӯзноманигорон дар муаррифии дастовардҳои миллӣ, хусусан навгониҳои Донишгоҳи миллӣ муҳим мебошад.