ДАР СУҲБАТИ СОБИҚАДОРОН

372

Яке аз санаҳои муҳим дар таърихи давлатдории навини Тоҷикистони соҳибистиқлол рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ мебошад.

Бо ин мақсад имрӯз (17.02.2023) бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Артиши миллӣ дар кафедраи ҳарбии ДМТ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ намояндаи Шурои собиқадорони Вазорати мудофиаи ҶТ раиси ШСВМ ҶТ, полковник Худойқулов Ҳ., муовини раиси ШСВМ ҶТ полковник Ғоибов А. ва аъзои ШСВМ ҶТ полковник Шукуров Р. иштирок намуданд.

Нахуст мудири кафедраи ҳарбӣ, палковник Назарзода Дилмурод доир ба баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии ҷавонон сухан намуда, зикр кард, ки ҳимояи марзу бум ва ҳифзи арзишҳои миллӣ вазифаи ҷонии ҳар ҷавонмард аст.

Сипас меҳмонон ва намояндагони донишгоҳ дар робита ба рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ суханронӣ намуданд.

Дар охир меҳмонон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.