ДАСТАИ ОЛИМПИИ ДОНИШГОҲ ДАР МАҚОМИ АВВАЛ

193

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар самти татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба омӯзиши илмҳои гуногун, аз ҷумла илмҳои дақиқу табиатшиносӣ, инчунин, иштирок дар олимпиадаҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ ибтикороти беназирро роҳандозӣ намуда, баҳри донишҷӯёни соҳибзавқ шароити мусоидро фароҳам овардааст.

Ҳамин аст, ки Дастаи олимпии Донишгоҳ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Хирад моро ба дониш раҳнамун аст…», ки миёни донишҷӯёни болаёқату соҳибистеъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ доир гардид, бо ишғоли 12 ҷойи ифтихорӣ мақоми аввалро соҳиб шуданд.

Дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз 47 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ намояндаи 42 муассиса бо теъдоди 470 нафар иштирок намуда, аз рӯйи 15 фанни таълимӣ байни ҳам сабқат карданд.

Ёдрас мешавем, ки ташаббускори олимпиадаи мазкур Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ буда, он бахшида ба “Соли маърифати ҳуқуқӣ” роҳандозӣ гардида буд. Мақсад аз баргузории он таблиғи донишҳои назариявӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон, инкишоф додани неруи ақлӣ, баланд бардоштани савияи дониш, маърифату ҷаҳонбинӣ ва сатҳи тафаккури донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад.

Дастаи олимпии Донишгоҳ бо гирифтани 5 ҷойи аввал, 5 ҷойи дуюм ва 2 ҷойи сеюм, дар умум 12 ҷойи ифтихорӣ, миёни дастаҳои олимпӣ мавқеи аввалро касб намуд. Ҳамзамон, раёсати Донишгоҳ барои ишғоли ҷойи аввал соҳиби диплом гардид, ки аз ҷониби масъулини Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ ба мутасаддии Донишгоҳ супорида шуд.

Иштирокчиёни дастаи олимпӣ:

ҶОЙИ АВВАЛ

1. Дилшод Кузибаев – донишҷӯи курси 4-уми факултети журналистика аз фанни забони русӣ, роҳбар – Ашмарина Л.В.;

2. Сафарзода Сунатулло – донишҷӯи курси 3-юми факултети фалсафа аз фанни сиёсатшиносӣ, роҳбар -Раҳимов Д.Қ.;

3. Қирғизбекова Перӯза – донишҷӯи курси 3-юми факултети журналистика аз фанни педагогикаи умумӣ, роҳбар – Худойқулова Қ.Ҷ. ;

4. Муҳаммадҷон Бобохонов – донишҷӯи курси 4-уми факултети химия аз фанни химия, роҳбар – Ҳакимов Ҷ.Н.;

5. Шаҳриёр Забиров – донишҷӯи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносӣ аз фанни ҳуқуқ, роҳбар – Муродзода У.У..

ҶОЙИ ДУЮМ

1.Мавлуддин Холов – донишҷӯи курси 3-юми факултети таърих аз фанни таърих, роҳбар – Шарипов Ҷ.;

2.Бобозода Умед – донишҷӯи курси 3-юми факултети фалсафа аз фанни фалсафа, роҳбар – Калонзода Ф.И.;

3. Қурбонзода Муҳсин – донишҷӯи курси 4-уми факултети физика аз фанни физика, роҳбар – Одилов О.;

4. Аминзода Нодир – донишҷӯи курси 3-юми факултети механикаю математика аз фанни информатика, роҳбар – Ғаффоров А.;

5. Бежан Тошов – донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ аз фанни географияи иқтисодии Тоҷикистон бо асосҳои демография, роҳбар – Ёров Ҷ..

ҶОЙИ СЕЮМ

1. Шодиҷон Пиров – донишҷӯи курси 2-юми факултети молиявию иқтисодӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ, роҳбар – Юсупов С.А.;

2. Шоҳин Исматов – донишҷӯи курси 4-уми факултети механикаю математика аз фанни математика, роҳбар – Мирзоев А..

Дастовардҳо муборак!