ДАСТОВАРДҲОИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

1589

Имрӯз (11.05.2021) дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикороти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Таҳаввулотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 30 соли соҳибистиқлолӣ» конференсияи ҷумҳуриявии илмию амалӣ баргузор гардид.

 Дар кори конференсия ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Хушвахтзода Қ.Х,, директори Осорхонаи миллии Тоҷкистон Ибодуллозода А., декани факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Шарифов Р., академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Яқубов Ю., мудири кафедраи таърихи халқи тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қурбонов Б. ва устодон Қаҳҳор Расулиён, Зикриё Акрамӣ, инчунин, муовини якуми директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Иброҳимзода З. ва дигар олимону донишмандон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар конференсия зикр гардид, ки “Воқеан, бо шарофати Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати оқилонаю дурандешонаи давлату Ҳукумати кишвар таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми самтҳои ҳаётан муҳимми мамлакат дигаргуниҳои куллӣ ба амал омадаанд, ки инро мо бевосита дар рушди соҳаҳои калидии кишвар мушоҳида менамоем”.

Зимнан дар кори конференсия доираи васеъи олимону муаррихон иштирок намуда, таҳаввулотҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар 30 соли соҳибистиқлолии кишвар мавриди баррасӣ қарор доданд.