ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ МО СУЛҲУ ВАҲДАТ АСТ

315

Ваҳдату дӯстӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвари мо қатъи назар аз ҳама ҷузъиёт (миллат, маҳал, дин, мазҳаб, синну сол, сатҳи иҷтимоӣ ва ғ.) арзиши баланд пайдо намуда, барои халқи тоҷик ба як омили устувори муҳимми пешрафту шукуфоӣ табдил ёфт. Бидуни шак, сархати ҳама пешрафтҳои имрӯзаи ватани моро сулҳу ваҳдате ташкил медиҳад, ки бо шарофати роҳнамоиву садоқати Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҷои инкор нест, ки бо иллати ҷудоиандозиву нифоқпешагии нотавонбинону душманони халқи тоҷик кишвари мо гирифтори ҷанги шаҳрвандӣ гашта, як муддат монеаҳои душвору авзои мураккаби иҷтимоӣ буҳронҳои тираву даҳшатнокро ба вуҷуд овард. Арзиши аввалини ваҳдату дӯстиро маҳз ин омил мушаххас карда метавонад, ки чи гуна мо аз як вартаи ҳалокатбор наҷот ёфтему роҳи осоиштагиву бунёдкориро интихоб намудем. Имрӯз сулҳу ваҳдат ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ба як шиори амиқи халқи тоҷик табдил ёфтааст, ки ин ҷиҳат умедворкунанда мебошад. Бо он умедворкунанда ҳаст, ки наслҳои минбаъда дар як ҷамъияти ободу осоишта ва ҳамзамон як ватани ободу пешрафта зиндагӣ хоҳанд кард. Ин масъаларо ба он ваҷҳ иброз медорему ишора менамоем, ки мардумони давлатҳову кишварҳои алоҳида бо тафриқаву мухолифатҳо байни ҳамдигар дар низову бархурдҳо қарор доранд. Тухми нифоқ дар байни онҳо, ки бештар аз ҷониби неруҳои таҳмилӣ кошта мешавад, самараву натоиҷи даҳшатноки худро дода истодаанд. Мулку хонаву кошонаи онҳо аз дасти худи онҳо ба коми нестӣ меравад. Аҷаб аст, ки онҳо дурнаморо дидан намехоҳанд ва оташи кашмакашу низоъҳоро торафт бештар менамоянд. Аз ҳамин ҷиҳат имрӯз мо бояд ваҳдату дӯстиро чун як гавҳари қимат ҳифз намоем. Ба дасисаву иғвои нотавонбинону душманон дода нашавем ва таҷрибаи талхи солҳои навадумро ҳеҷ гоҳ фаромуш насозем.

Имрӯз давлату ҳукумати мо неруву иқтидор дорад, ки он ваҳдату ҳамгироӣ дар миёни халқ мебошад. Танҳо чунин давлати неруманд озодиву осоиштагии халқи худро таъмин карда метавонад, ки онро ҳамагон имрӯз шоҳид мебошем. Имрӯз бузургтарин қонун ва ҳукм манфиати халқ мебошад, ки он дар асоси муттаҳидиву ҳамдигарфаҳмии халқи мо ташаккул меёбад. Вақте дар ҷомеа манфиати умумии халқ пайгирӣ карда мешавад, ин кафолати суботу ваҳдати ҷомеа мебошад. Дар шароити тезутунди ҷаҳонишавӣ дар ҷомеаи кунунии мо манфиати ягонаи халқ мақсаду ҳадафҳои ягонаи пешрафту шукуфоиву бунёдкориҳоро ба вуҷуд овардаанд.

Аз ҷониби дигар ваҳдату ҳамгироӣ дар кутоҳтарин фурсатҳо ифтихори миллиро ба вуҷуд меоварад, ки онро мо дар мисоли ватани худамон дар даврони истиқлолият шоҳид гардида истодаем. Агар дар замони шӯравӣ дарди маҳалгариву ҷаҳолат дар миёни халқи тоҷик паҳн намегардид, шояд ифтихори миллии мо имрӯз даҳчанд нерӯ пайдо менамуд. Ин иштибоҳро халқи сарбаланди тоҷик саривақт дарк намуд ва тавонист, ки худро аз таънаи душманон озод намояд. Имрӯз ваҳдату ҳамгироӣ ифтихори миллии мо мебошад ва сарфи назар аз бухлу нотавонибиниҳо халқи тоҷик устуворона қадам ба пеш мегузорад.

Халқи тоҷик ҷасуру матин аст ва дар тули таърих ҳама давраҳои асорату ғасбкориҳоро сарбаландона гузаштааст. Бо вуҷуди парокандагиҳову ҷудоиандозиҳои душманон баъди ҳазор сол аз нав давлати миллии худро дар асоси пояҳои ваҳдату ҳамгироӣ шакл бахшид. Ҳамин ваҳдату ҳамгироӣ кафолату пойдории он барои ҳазорсолаҳои дигар хоҳад гардид. Дар роҳи минбаъда ҳушёриву зиракаии сиёсӣ боис мегардад, ки халқи тоҷик дар муқобили таҳдидҳову хатарҳои нав садду монеаи устуворро ба вуҷуд овардад. Ҳушёриву зиракии сиёси як мафҳуми домандаор бошад ҳам, ҷавҳари аслии онро боз ҳам ваҳдату дӯстии мо ташкил медиҳад. Бошад, ки ҳар як хурду бузурги диёри шукуфони мо ин ҳақиқатро дарк намояд ва зери фазои дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ зиндагии осоиштаи худро ҳифз намояд.

Н.Абдулмуминзода, дотсенти ДМТ