ДАСТОВАРДИ ИЛМӢ МУБОРАК!

41

Натиҷаи корҳои илмӣ-эҷодии устодони ДМТ Астанақулова Г.М., Сайдализода С.Ф., Қиёмзода З.С., Назарзода Н.Н., Алиев Қ. (Мутахассисони соҳаи тиб ва биология) соҳиби Нахуст патент гардид. Дар ин бора устоди факултети тиббии донишгоҳ Сайдализода С.Ф. хабар дод. Гуфта шуд, ки натиҷаи тадқиқоти ду сола оид ба “Тарзи ҳосил намудани картошкаи бевирус дар шароити in vitro” аз тарафи Муассисаи давлатии Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои даҳ сол тасдиқ гардид.Дастоварди муҳимми илмӣ муборак!