ДАВРИ ИНТИХОБИИ ОЗМУНИ ҶАҲОНИИ “ПУЛИ ЗАБОНИ ЧИНӢ” МИЁНИ ТОЛИБИЛМОНИ ТОҶИКИСТОН

211

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар даврони муосир яке аз талаботҳои замон гардидааст. Ҳамасола бо ташаббуси Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон ва дастгирии бевоситаи Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмони муассисаҳои таҳсилоти миёна баргузор карда мешавад, ки дар он донандагони забони чинӣ қобилияти забондонӣ ва ҳунару истеъдоди хешро ба намоиш гузошта, бо ин роҳ донишу малакаи хешро такмил медиҳанд.

Озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” як чорабинии муҳим дар саросари ҷаҳон мебошад, ки аз соли 2002 бо дастгирии Маркази ҳамкориҳои байналмилалии Чин бо хориҷи кишвар дар самти забономӯзӣ баргузор мешавад.

Санаи 7-уми май дар Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ бо иштироки мушовири Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Ван Гуочун, намояндаи Сафоратхонаи Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таълим хонум Зен Сиенфа, мудири бахши идоракунии лоиҳаҳо ва сарпарасти Донишкадаи Конфутсий аз шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҳакимова Мафтуна,директори Филлиали ширкати сохтмонии Синзяни Чин дар Тоҷикистон ҷаноби Дин Дин, директорони Донишкадаи мазкур Имомзода М. ва Лю Ҷианвей ва намояндагони як қатор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе даври ниҳоии даъвати 17-уми озмуни ҷаҳонии “Пули забони чинӣ” миёни толибилмони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 баргузор гардид. Дар даври интихобии озмуни мазкур, ки санаи 8-уми апрел баргузор гардид, 39 нафар толибилм аз чанд муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ширкат варзида, 8 нафари онҳо ба даври ниҳоии озмун роҳ ёфтанд. Дар даври ниҳоии озмуни мазкур пас аз рақобати шадид толибилми синфи 11 аз МТМУ № 42-и шаҳри Душанбе Ғуломов Ёқубҷон ғолиби ҷои аввал, толибилми синфи 9 аз МТМУ № 43-шаҳри Душанбе Наҷмиддинзода Мазҳаб ғолиби ҷои дуюм ва толибилми МТМУ № 1-и шаҳри Бустон Зоирова Фарангиз ғолиби ҷои сеюм гардиданд. Ғолибони озмун бо ифтихорнома ва мукофотҳо қадрдонӣ гардиданд.

Ёдрас мешавем, ки Донишкадаи Конфутсийи назди ДМТ дар рушди муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин саҳми назаррас мегузорад.