ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ “ОМӮЗГОРИ СОЛ-2021” ДАР ЛИТСЕЙ

300

Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 16 апрели соли 2020, №265 “Дар бораи ташкил ва баргузории озмунҳои “Мураббии сол-2021”, “Омӯзгори сол-2021” ва “Хонандаи сол-2021”, ки Низомномаи озмунҳои мазкур тасдиқ гардидааст, тибқи қарори дахлдори раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмунҳои касбии соҳаи маориф ташкил ва баргузор карда шуд. Дар натиҷа ғолибони озмуни мазкур муайян гардида, довталабон ба даври шаҳрӣ пешниҳод карда шуданд.

Бо ин мақсад, имрӯз (27.12. 2021) дар асоси қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе қисмати амалии даври шаҳрии озмуни “Омӯзгори сол-2021” дар Литсейи равияи табиию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он Файзов Шеравган Бобоҷонович-омӯзгори фанни физикаи Литсейи назди ДМТ, аз ноҳияи Шоҳмансур тибқи муқарароти озмун довталаб аз номинатсияи “Омӯзгори сол-2021” ширкат варзида, дарсҳои намунавӣ аз рӯи ихтисос дар доираи 45 дақиқа, муаррифии таҷрибаи корӣ дар доираи 20 дақиқа, таҳлили дарс (худбаҳодиҳӣ – 10 дақиқа), маҷлиси падару модарон дар доираи 20 дақиқа, соати тарбиявӣ дар доираи 20 дақиқа гузаронида, маҳорати касбии худро назди аъзои комиссия нишон дод.

Натиҷаи ҷамъбасти озмун 29 декабр дар бинои Муассисаи давлатии “Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе” бо гузаронидани саволу ҷавоб бо довталабон аз рӯи ихтисос, санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳа, кор бо компютер анҷом меёбад.