ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ! ДИҚҚАТ!

15

ОЗМУН БАРОИ ИХТИРОЪКОРОНУ НАВОВАРОН ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

Бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 ва бо мақсади амалисозии тадбирҳо вобаста ба “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардидани солҳои 2025-2030 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2025 озмуни «Ихтироъкорони ояндасоз-2025» аз рӯйи номинатсияҳои зерин баргузор карда мешавад:

– Барномасозӣ, моделсозӣ ва зеҳни сунъӣ – ихтироъ ё таҳияи барномаҳои нави компютерӣ, сомонаҳо, лоиҳаҳои тиҷоратӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногун;

– Ихтироъкорӣ, навоварӣ ва робототехника – таҳияи дастгоҳҳо, механизмҳо, роботҳо ё моделҳои нав, ки ба ҳалли масъалаҳои амалӣ равона шудаанд. Лоиҳа метавонад дорои прототипи коршоям, схемаи техникӣ ва тавзеҳи принсипи фаъолият бошад.

Дар Озмун хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва ҳайати кормандону омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд. Ҳар як довталаб метавонад танҳо дар як номинатсияи Озмун иштирок намуда, як лоиҳа пешниҳод намояд. Миқдори хонандагони литсей ва донишҷӯёне, ки як лоиҳаро иҷро менамоянд бояд аз 2 (ду) нафар зиёд набошад. Миқдори унвонҷӯён, магистрантон, докторантон ва ҳайати кормандону омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки як лоиҳаро иҷро менамоянд бояд аз 1 (як) нафар зиёд набошад.

Барои иштирок дар Озмун пешниҳод карда мешаванд:

Дархост, иборат аз ҳуҷҷатҳои зерин:

– Ариза ба номи Директори Парки технологӣ барои иштирок дар Озмун;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома аз ҷои таҳсил;

– маълумот дар бораи лоиҳаи инноватсионӣ дар шакли электронӣ ва чопӣ.

Барои хавасманд намудани ғолибони Озмун мукофотпулӣ ба таври зайл барои ҳар як номинатсия муайян карда мешавад:

ҷойи якум – (1 нафар) 2500 (ду ҳазору панҷсад) сомонӣ;

ҷойи дуюм – (1 нафар) 1500 (ҳазору панҷсад) сомонӣ;

ҷойи сеюм – (1 нафар) 1000 (ҳазор) сомонӣ.

Иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти Парки технологӣ бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дархостҳо то 15 декабри соли 2025 қабул карда мешаванд.

Марҳамат, майдон аз далер!

Маълумоти муфассал: +(992) 908888111