ДИҚҚАТ! ОЗМУН БАРОИ ИХТИРОЪКОРОНУ НАВОВАРОН ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

705

Бо мақсади татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷиҳати амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардидани солҳои 2020-2040 дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон моҳҳои октябр-ноябри соли 2024 бо ташаббуси раёсати инноватсия ва Парки технологӣ Озмуни «Ихтироъкорони ояндасоз» дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯйи номинатсияҳои зерин баргузор мегардад:

– Барномасозӣ – ихтироъ ё таҳияи барномаҳои нави компютерӣ, сомонаҳо, лоиҳаҳои тиҷоратӣ барои истифода дар соҳаҳои гуногун;

– Ворисони Розӣ – таҳия ва пешниҳоди лоиҳа, ихтирооте, ки татбиқгари ҳаргуна моделҳои навоваронаи инноватсионӣ дар соҳаҳои кимиёву биологӣ ва тиббӣ-дорусозӣ бошад;

– Моделсозӣ – сохтани моделҳои гуногунҳаҷм аз рӯйи шакли воқеии объектҳои мавҷуда, омӯзиши хусусиятҳои сохти он ва пешниҳоди навгониҳо ба объекти мазкур;

– Робототехника – пешниҳоди модели техникаҳои гуногуни маишии автоматикунонидашуда, ки барои истифодаи рӯзмара дар ҳаёти одамон ва коргоҳҳо мувофиқ бошад. Техникаи пешниҳод гардида бояд дорои хусусиятҳои нав бошад;

– Сайёҳӣ-кишваршиносӣ – пешниҳоди харитаҳои нави сайёҳӣ, омодасозии барномаҳои компютерии муаррификунандаи имкониятҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таклифҳои мушаххаси илмӣ оид ба ҳифзу нигаҳдошти маконҳои сайёҳӣ ва муаррифии бештари онҳо.

Дар Озмун хонандагони литсей, донишҷӯён, унвонҷӯён, магистрантон, докторантони PhD ва ҳайати кормандону омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон иштирок карда метавонанд. Ҳар як довталаб метавонад танҳо дар як номинатсияи Озмун иштирок намуда, як лоиҳа пешниҳод намояд. Миқдори хонандагони литсей ва донишҷӯёне, ки як лоиҳаро иҷро менамоянд бояд аз 2 (ду) нафар зиёд набошад. Миқдори унвонҷӯён, магистрантон, докторантон ва ҳайати кормандону омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ки як лоиҳаро иҷро менамоянд бояд аз 1 (як) нафар зиёд набошад.

Барои иштирок дар Озмун пешниҳод карда мешаванд:

Дархост, иборат аз ҳуҷҷатҳои зерин:

Ариза ба номи Директори Парки технологӣ барои иштирок дар Озмун;

нусхаи шиноснома;

маълумотнома аз ҷои таҳсил;

– Маълумот дар бораи лоиҳаи инноватсионӣ дар шакли электронӣ ва чопӣ.

Барои хавасманд намудани ғолибони Озмун мукофотпулӣ ба таври зайл барои ҳар як номинатсия (5) муайян карда мешавад:

– ҷойи якум – (1 –нафар) 1000 (як ҳазор) сомонӣ;

– ҷойи дуюм – (1 –нафар) 500 (панҷсад) сомонӣ;

– ҷойи сеюм – (1 –нафар) 300 (сесад) сомонӣ.

Иштирокчиёни фаъол аз ҷониби Раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва роҳбарияти Парки технологӣ бо Ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзишнок ҳавасманд гардонида мешаванд.

Дархостҳо то 31 октябри соли 2024 қабул карда мешаванд.

Марҳамат ба майдони далер!

Маълумоти муфассал: +(992) 908888111