ДИПЛОМАТИЯИ ОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН: АФЗАЛИЯТ, САМТҲО ВА ДУРНАМОИ ОН

23

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои ДМТ дар самти амалӣ намудани дастурҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 17-уми марти соли 2025 дар толори асосии Институти Конфутсийи назди ДМТ ҳамоиши илмию назариявӣ дар мавзуи «Дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон: афзалият, самтҳо ва дурнамои он» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир карда шуд.

Ҳамоиши мазкур дар заминаи факултети муносибатҳои байналхалқӣ ва факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ доир гардида, дар рафти чорабинии илмӣ ҳайати раёсати илм ва инноватсияи ДМТ, меҳмонону коршиносон, ҳайати устодону профессорон, донишҷӯёну магистрҳои факултетҳои номбурда иштирок намуданд.

Дар асоси барномаи ҳамоиши илмии мазкур ду суханронии ифтитоҳӣ ва панҷ маърузаҳои асосӣ ироа карда шуданд, ки ба масъалаҳои мубрами дипломатияи об, саҳми Пешвои миллат дар ташаккули дипломатияи об, ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об, нақши раванди оби Душанбе дар ҳалли мушкилиҳои умумиҷаҳонӣ, ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим бахшида шудаанд.

Дар ибтидо, сардори раёсати илми ДМТ, профессор Ҳ.Ҷ. Дустзода бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, зарурати мантиқии баргузории ҳамоиши илмию назариявӣ дар мавзуи «Дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон: афзалият, самтҳо ва дурнамои он» дар арафаи “Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ пешниҳод шудааст, қайд намуд.

Зимнан, декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент С.Х. Ҷаъфаров бо сухани ифтитоҳӣ баромад намуда, ҳузури меҳмонон ва коршиносонро дар ҳамоиши илмии мазкур таҳният намуд.

Сипас маърӯзачиён дар асоси барнома ба баррасии мавзуъҳои хеш даъват гардид.

Аз ҷумла, д.и.ф., профессор, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаттоҳзода Саидмурод Самад дар мавзуи “Нақши Пешвои миллат дар пешбурди дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, саҳми Пешвои миллатро дар рушди дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ қайд намуд.

Инчунин, д.и.ф., профессори факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Мамадназаров Абдусалом дар мавзуи “Ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим” бо забони англисӣ баромад намуда, таваҷҷуҳи асосиро ба иқдоми байналмилалии Пешвои миллат ҷиҳати эълон гардидани соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” равона намуд.

Дар идома, .и.т., дотсент, мудири минтақашиносии хориҷӣ Самиев Холаҳмад Давлатович дар мавзуи “Дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон: воқеият ва мушкилоти татбиқи он” баромад намуда, доир ба роҳҳои татбиқи амалии дипломатияи оби Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ сухан гуфт.

Дар раванди кори ҳамоиш н.и.т., дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналхалқӣ Шарипов Амриддин Нуридинович дар мавзуи “Моҳият ва махсусиятҳои дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон” баромад намуда, зарфиятҳои фаъолияти байналмилалии Тоҷикистонро бо назардошти захираҳои фаровони обӣ қайд намуд.

Дар интиҳо, н.и.т., дотсент, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети муносибатҳои байналхалқӣ Анвари Сафарӣ дар мавзуи “Дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Консепсияи сиёсати хориҷӣ” маъруза намуда, инъикоси афзалиятҳои дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Консепсияи сиёсати хориҷӣ баррасӣ намуд.

Дар охир, миёни иштирокчиён доир ба масъалаҳои мубрами дипломатияи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, дурнамои пайгирӣ аз дипломатияи об дар сиёсати хориҷӣ ва ҳадафи баргузории конференсияи байналмилалӣ дар шаҳри Душанбе бахшида ба “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” дар моҳи марти соли 2025 табодули афкор сурат гирифт.