
Имрӯз (26.09.2025) дар асоси нақшаи чорабиниҳои факултети муносибатҳои байналхалқии ДМТ дар заминаи кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-назариявӣ дар мавзуи “Дипломатияи Тоҷикистон барои рушди устувор ва амнияти Осиёи Марказӣ” бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда шуд.

Дар бахши ифтитоҳии конференсия муовини ректор оид ба илм ва инноватсия, профессор Сафармамадзода М.С., декани факултети муносибатҳои байналхалқӣ, дотсент Ҷаъфарзода С.Х., собиқ муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати хориҷӣ, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Раҳматуллозода Э., муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кордори Фавқулода ва Мухтори дараҷаи аввал, доктори илмҳои филологӣ, профессор Сатторзода А., собиқ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон, профессори кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии Донишгоҳи давлатии молиявии Тоҷикистон Мирзоев Ғ.М., профессори кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ, профессор Муҳаммадзода П.А., мудири кафедраи дипломатия ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои таърих, дотсент Салимов Ф.Н. баромад намуда, масъалаҳои мубрами муносибатҳои байналмилалӣ, равандҳои муҳимми сиёсӣ ва иқтисодии минтақа ва ҷаҳон, афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нақши ташаббуҳои байналмилалии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди устувор ва таъмини амнияти Осиёи Марказӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.