ДИПЛОМИ АКАДЕМИКӢ МУБОРАК!

308

Самиҳов Шонаврўз Раҳимович-доктори илмҳои техникӣ, профессор, мудири кафедраи технологияи истеҳсолоти химиявии факултети химияи ДМТ аз ҷониби Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси узви пайваста итихоб гардид.

Самиҳов Ш.Р. муаллифи 4 китоби дарсӣ, 9 воситаи таълимӣ, 3 монография, зиёда аз 260 мақолаву фишурдаи мақолаҳои илмӣ, 11 ихтироот мебошад. Аз соли 2019 узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳамчунин аъзои ду Шўрои диссертатсионӣ мебошад, ки дар тарбияи кадрҳои илмию педагогӣ саҳм гузошта, таҳти роҳбариаш 2 нафар рисолаи номзадиро дифоъ ва 3 нафари дигар барои дифои рисолаи номзадӣ омода шуда истодаанд.

Барои корҳои пурсамараш дар фаъолияти илмӣ ва таълиму тарбияи донишҷўён бо чандин Ифтихорномаҳои ДМТ, Вазорати маориф ва илми ҶТ, АМИТ, «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (2012) ва Медали “Корманди фахрии саноати Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.