ДОНИШҶӮИ ДОНИШГОҲ ҒОЛИБИ ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН ОИД БА ВАЗНБАРДОРӢ ГАРДИД

73

Аз 14 то 16 декабри соли равон дар Федератсияи Россия, шаҳри Москва Чемпионати Ҷаҳон оид ба вазнбардорӣ (пауэрлифтинг) баргузор гардид. Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар вазни 75 кг донишчӯи курси 3 факултети ҳуқуқшиносии ДМТ Ҳабибов Исфандиёр муаррифӣ намуд.

Дар натиҷа Ҳабибов Исфандиёр миёни 19 давлати дунё дар ҷамъ бо 9 нафар сабқат намуда, дорандаи 2 медали тилло ва 1 медали нуқра гашт. Инчунин, ба варзишгари мо дараҷаи “Устоди варзиши Федератсияи Россия” тақдим карда шуд.

Дастоварди навбатӣ муборак!