ДОНИШҶӮЁНИ ДМТ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ

358

Имрӯз омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба бозори меҳнат яке аз ҳадафҳои фаъолияти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Дар заминаи ин бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ донишҷӯён дар чорабиниҳои сатҳи гуногун иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён мегарданд.

Дар партави эълон гаштани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дуюмин Озмуни ҷумҳуриявӣ барои дарёфти “Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон” миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ҷумҳурӣ аз рӯйи самтҳои математика, технологияҳои иттилоотӣ, географияи иқтисодӣ бо асосҳои демографии он доир гардид.

Дар озмуни мазкур дастаи донишҷӯёни донишгоҳ фаъолона иштирок намуда, аз шаш ҷойи аввали ғолибмуайяншуда (дар умум) чор ҷойи аввал насиби донишҷӯёни донишгоҳ гардид.

Малик Ситамов – донишҷӯйи курси 4-уми факултети механикаю математика, Некрӯз Раҳимов – донишҷӯйи курси 2-юми ихтисоси информатика, Дӯстмуродзода Қурбоналӣ – донишҷӯйи курси 2-юми факултети механикаю математика ва Нигора Назарова – донишҷӯйи курси 1-уми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ғолибони озмуни мазкур мебошад, ки имрӯз (14.05.2022) аз ҷониби кумитаи тадорукот дар фазои тантанавӣ бо диплом, Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва мукофотпулӣ қадрдонӣ шуданд.

Ёдовар мешавем, ки раёсати ДМТ аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон барои ҳамкориҳои судманд дар раванди ташкил ва баргузории озмуни мазкур бо Сипоснома қадрдонӣ гардид.