«ДОНИШ» – КУМИТАИ БЕҲТАРИН

481

Чанде қабл аз ҷониби ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ Фестивал-озмуни «Беҳтарини ҳизбӣ» доир гардид.

 Имрӯз (8.12.2021) дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С.Айнӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардида, Фестивал-озмуни мазкур низ ҷамъбаст шуд ва ғолибони ҷойҳои ифтихорӣ бо дипломҳо сарфароз гардонида шуданд.

Кумитаи иҷроияи ибтидоии «Дониш» дар номинатсияи «Кумитаи беҳтарин» ғолиби ҷойи дуюм гардид. Диплом ва туҳфаи хотиравӣ ба раиси Кумита, ҳамзамон, ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. супорида шуд.