ДОНИШГОҲ АЗ АККРЕДИТАТСИЯИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ГУЗАШТ

861

Зимни баргузории нишасти матбуотӣ (02.02.2021) таваҷҷуҳи рӯзноманигорон ба аккредитатсияи байналмилалӣ, ки донишгоҳ аз он бо муваффақият гузашт, бештар гардид. Иттилоъ медиҳем, ки тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашта истодаанд. Тавре Пешвои миллат зимни суханронӣ бахшида ба Рӯзи дониш дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябри соли 2019 иброз доштанд: «Вазорати маориф ва илм ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бояд дар хусуси ба фазои ҷаҳонии таҳсилот мутобиқ намудани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ва устувор гардонидани мақоми муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар арсаи байналмилалӣ барои аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани барномаҳои таълимӣ чораҳои зарурӣ андешанд».

Бо ин мақсад аз 9-ум то 13-уми ноябри соли 2020 Донишгоҳи миллӣ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти таълимию байналмилалии донишгоҳ аз Агентии Аккредитатсияи байналмилалии «EKKA» гузашт. Ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва ҳисоботҳои сохторҳои дахлдори донишгоҳ аз ҷониби коршиносони соҳа аз давлатҳои Англия, Олмон, Чехия, Фаронса ва Истония мавриди омӯзиш ва баррасӣ қарор гирифта, зимни суҳбатҳои онлайнӣ аз ҷониби коршиносон фаъолияти ДМТ баҳои баланд гирифт.

Дар ҷараёни суҳбатҳои онлайнӣ коршиносон дар самти таълим, илм, муносибатҳои байналхалқӣ ва дигар паҳлуҳои муҳимми донишгоҳ тавсияҳои судманд дода, натиҷаи фаъолияти донишгоҳро дар Аккредитатсияи байналмилалӣ назаррас арзёбӣ намуданд. Таъкид шуд, ки дар сурати ҷоннок намудани низоми таълиму тарбия ва густариш донани равобити байналмилалии донишгоҳ, инчунин, ташкили барномаҳои омӯзишии сатҳи байналмилалӣ донишгоҳ бозҳам ба дастовардҳои назаррас ноил хоҳад шуд. Ҳамин тавр, коршиносони соҳа фаъолияти ДМТ-ро баҳои баланд дода, баргузории чунин Аккредитатсияи байналмилалиро дар рушди Донишгоҳи миллӣ ва ҳамкориҳои судманди он бо муассисаҳои таҳсилоти олии давлатҳои ҷаҳон муҳим арзёбӣ намуданд.