АЗ ИСТИҚБОЛ ТО СУҲБАТИ ХОТИРМОН БО ГИРАНДАГОНИ ШОҲҶОИЗАҲО

231

2 Шоҳҷоиза ба ДМТ…

Имрӯз баъд аз ҷамъбасти маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат”, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор гардид, ғолиби “Шоҳҷоиза”-и озмуни мазкур миёни донишҷӯён Давлатзода Шоираи Кароматулло –донишҷӯи курси 4-уми факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар бинои марказии донишгоҳ аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ истиқбол гирифта шуд.

Дар қатори гирандаи Шоҳҷоиза Абдураҳмонова Маҳина Алишеровна – донишҷӯйи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси фаъолияти ҳифзи ҳуқуқи факултети ҳуқуқшиносӣ соҳиби ҷойи 2-юм ва Холов Мавлуддин Асадуллоевич – донишҷӯйи курси 3-юми шуъбаи рӯзонаи ихтисоси таърихи умумӣ ва ватании факултети таърих соҳиби ҷойи Ифтихорӣ гардиданд.

Боиси ифтихор аст, ки чанде қабл Шукрона Тоҳирӣ – донишҷӯйи курси сеюми факултети ҳуқуқшиносӣ ғолиби Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” гардида буд ва имрӯз дар маросими ҷоизасупории озмуни ““Тоҷикон” – оинаи таърихи миллат” яке аз иштирокчиёни фаъол буд.

Ректори ДМТ, профессор Қобилҷон Хушвахтзода зимни суҳбати хотирмон дастоварди навбатиро ба алоқамандони донишгоҳ табрик намуда, ҷиҳати иштирок дар озмуну ҳамоишҳои байналмилалӣ ба ғолибон ва масъулини донишгоҳ дастурҳои мушаххас дод. Гуфта шуд, ки ғолибон аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳавасманд гардонида мешаванд.