ДОНИШГОҲИ МИЛЛӢ: ҒОЛИБОНИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ …»

791

Аз 3-13-уми декабри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ҷамъбастии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Озмун аз рӯйи 5 номинатсия – адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ, адабиёти классикӣ, адабиёти муосир, адабиёти ҷаҳон ва эҷоди назму наср сурат гирифт. Дастаи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ аз рўйи номинатсияҳои гуногун иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд, ки имрӯз (15.12.2021) ғолибон қадрдонӣ шуданд.

Аз ҷумла: -Исрофил Маҳмудзода-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи якум; -Дилноза Бобомуродова-магистри Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи якум; -Насиба Ҳафиззода-донишҷӯи курси 2-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи дуюм;-Шоира Давлатзода-донишҷӯи курси 1-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм;-Шукрона Рустамзода-ассистенти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм;-Шаҳзодахон Бурхонова-донишҷӯи курси 3-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби ҷойи сеюм.

ҒОЛИБИЯТ МУБОРАК!